Ба гуфтаи Палатаи савдо ва саноат бо назардошти ҳаҷми воридоти 7 миллиард доллар, ки дар он ҷо молҳои кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, чарм, электротехникӣ ва масолеҳи сохтмонӣ серхаридоранд, ин барои Ӯзбекистон афзалиятро дар бозор фароҳам меорад.
Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шӯрои корчаллонии Ӯзбекистону Афғонистон таъсис дода шавад, ки 18 ширкати пешбари Афғонистонро барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ, офаридани платформаҳои нав барои ҳамкорӣ ва афзоиши содироти маҳсулот аз Ўзбекистон ба Афғонистон ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ муттаҳид мекунад.