Ӯзбекистон ва Австрия масоили ҳамкории сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва молиявиро баррасӣ карданд

    5 августи соли равон вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов бо муовини вазири молияи Австрия Андреас Райхардт мулоқоти онлайнӣ баргузор намуд.

    Доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ки соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоративу молиявӣ фаро мегиранд, баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳо мубодилаи афкор намуданд.

    Дар доираи мулоқот ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ, таҷрибаи пешрафта ва ҳамкориҳои иқтисодӣ меморандум имзо карданд.

    Тибқи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо нияти идома додани корро, ки ба хабардорсозии доираҳои тиҷорати Австрия оид ба муҳити мусоиди тиҷоратии дар Ӯзбекистон фароҳам овардашуда, инчунин кушодани иқтидори назарраси ҳамкории кишварҳоямон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ нигаронда шудаанд, доранд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates