Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро мустаҳкам мекунанд

    Тиҷорат 4 Mart 2025 1525

    3 марти соли ҷорӣ вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов сафири Озарбойҷон дар Ӯзбекистон Ҳусейн Қулиевро ба ҳузур пазируфт.

    Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо тадбирҳоро барои иҷрои саривақтии созишномаҳои мавҷуда ва дурнамоҳои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар баррасӣ карданд.

    Аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои қаблан дар соҳаҳои шаҳрсозӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ мувофиқашуда муҳокима шуданд. Ҳамчунин, дар баробари муайян намудани вазифаҳои мушаххас оид ба суръат бахшидан ба корҳои ҷорӣ, ҷонибҳо дар доираи дастгирии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ қадамҳои минбаъдаи муштаракро мувофиқа карданд.

    Тамоюли мусбат дар ҳамкориҳои сармоягузорӣ қайд карда шуд. Ҳоло дар Ӯзбекистон 257 корхона бо иштироки сармояи Озарбойҷон, аз ҷумла 56 корхонаи муштарак ва 201 корхона бо 100 фоиз сармояи озарбойҷонӣ фаъолият доранд. Бо баҳои баланд додан ба имкониятҳои бузург барои афзоиши ин нишондиҳандаҳо, ҷонибҳо нақшаҳои пешбурди лоиҳаҳои ояндадорро дар байни доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мувофиқа карданд.

    Дар анҷоми вохӯрӣ барои баргузор кардани ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ чорабиниҳои муштарак ва дар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Озарбойҷон дигар чорабиниҳо мувофиқа гардиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates