Яке аз бузургтарин ширкатҳои муосири Белгия «John Cockerill Group» тақрибан 200 сол пеш, яъне дар соли 1817 аз ҷониби соҳибкор Ҷоном Кокерил ҳамчун корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти техникӣ ва пӯлод таъсис дода шуда буд, ки баъдтар ба флагмани иқтисодии Валлони табдил ёфт, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Имрӯз “John Cockerill Group” фаъолона бозорҳои нави ояндадорро, махсусан дар Осиёи Марказӣ мадди назар гирифтааст ва дар кишварҳои минтақа шарикони боэътимод ҷустуҷӯ менамояд.
Мусоҳибон қайд карданд, ки ширкат дар солҳои охир рушди босуръати иқтисодиёти Ӯзбекистон ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳуриро бо таваҷҷуҳи зиёд мушоҳида мекунад.
Ба ақидаи онҳо, Ӯзбекистон бозори пуриқтидор ва пайваста тавсеаёбанда бо ниёзҳои рӯзафзун ва имконоти муҳими стратегӣ дар соҳаҳое мебошад, ки барои тиҷорати аврупоӣ афзалият доранд. Намояндагони «John Cockerill Group» бахши энергияи таҷдидшаванда, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои офтобиро бахшҳои ояндадори ҳамкорӣ медонанд.
«Дар Ўзбекистон барои ба кор андохтани иқтидори энергетикӣ ва мутобиқгардонии сарфи энергия тадбирҳои хеле муҳими комплексӣ андешида мешаванд. Дар кишвар аллакай шумораи зиёди иншооти тавлиди барқ вуҷуд дорад ва ширкати мо омода аст, ки дар навсозӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо саҳм гузорад», - таъкид кард Пер Ламбот.
Намояндагони бизнеси Белгия инчунин ба роҳ мондани динамикаи мусбати ҳамкории Ӯзбекистонро бо субъектҳои иқтисодии хусусӣ, сармоягузорон аз Аврупо ва Халиҷи Форс, ки дар соҳаи энергетика бо ҷумҳурӣ бештар ҳамкорӣ мекунанд, қайд намуданд.