Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба таҷдиди шабакаҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳии дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Самарқанд ва идоракунии системаи обро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Ҷониби Миср омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи хоҷагии об дар тамоми ноҳияҳои вилоят, таъсиси раёсат бо мақсади баланд бардоштани самаранокии система, истифодаи оқилонаи захираҳои об, инчунин ҷалби сармояи зарурӣ изҳор намуд.
Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи таҳияи консепсияи лоиҳаҳо аз ҷониби ширкатҳои "The Bell Group" ва "Veolia", ки дар ояндаи наздик дар вилояти Самарқанд амалӣ мешаванд, инчунин лоиҳаи меморандуми дахлдори ҳамкорӣ ба даст омад.