Ҳаҷми портфели лоиҳаҳои муштараки Ӯзбекистон ва Эксимбанки Чин аз 5,7 миллиард доллар зиёд аст. Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи телекоммуникатсионӣ ба маблағи 500 миллион доллар дар марҳилаи фаъоли татбиқ қарор дорад.

Ба 7 лоиҳаи ояндадори дорои арзиши умумии 1,05 миллиард доллар таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ин лоиҳаҳо соҳаҳои энергетикаи обӣ, инфрасохтори обӣ, кишоварзӣ ва нақлиётро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Пунган – Намангон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва густариши минбаъдаи портфели муштараки сармоягузорӣ тасдиқ карданд.