Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуда, аз ҷумла роҳандозии парвозҳои мустақим аз Индонезия ба Самарқанд ва Бухоро, инчунин ифтитоҳи меҳмонхонаҳои нав ва як тарабхонаи таомҳои миллии индонезиро дар Ӯзбекистон муҳокима карданд.

Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки барои туроператорони индонезӣ инфотур ташкил карда шавад, то ҷараёни сайёҳон зиёд гардида, имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон дар бозори Индонезия васеътар муаррифӣ гарданд.

Дар натиҷаи мулоқот бо як ширкати расонаӣ, ки ба ҳайати «EGI Resources» шомил аст, дар бораи таблиғи муштараки имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон тавофуқи пешакӣ ба даст омад.