Дар мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои рушди ҳамкориҳо дар раванди ҳамлу нақли байналмилалиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, дар бораи рушди долонҳои нақлиётӣ, зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли автомобилӣ ва соддагардонии тарифҳо табодули афкор сурат гирифт.
Дар доираи конфронси байналмилалии «Роҳ ба Тиён-Шон», ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷараён дорад, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов бо муовини вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Саид Камол мулоқоти дуҷониба доир намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои рушди ҳамкориҳо дар раванди ҳамлу нақли байналмилалиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, дар бораи рушди долонҳои нақлиётӣ, зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли автомобилӣ ва соддагардонии тарифҳо табодули афкор сурат гирифт.
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзоянда ба ҳамлу нақли мусофирон дар давраи идҳои зимистона аз 15 декабри соли 2024 то 12 январи соли 2025 рейсҳои иловагии қатораҳо ташкил карда шуда, шумораи вагонҳо дар як қатор хатсайрҳо зиёд карда мешавад.
Ба муносибати таътили зимистона барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Тошканд таҳсил мекунанд, кассаҳои сайёр барои фароҳам овардани шароити иловагӣ барои бозгашт ба ҷойи зисти доимиашон ташкил карда шудаанд.
27 ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Арчабил»-и шаҳри Ашқобод вохӯрии дуюми вазирони Гурӯҳи дӯстони нақлиёти устувор баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи Конфронс ва намоишгоҳи байналмилалии «Долонҳои нақлиётӣ ва транзитии байналмилалӣ: ҳамбастагӣ ва рушд - 2024» доир шуд.
19 ноябр дар шаҳри Москва “Ҳафтаи нақлиёт - 2024” оғоз ёфт. Дар доираи ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия 17-ум маротиба баргузор мешавад, инчунин форуми “Нақлиёт-2024” ва намоишгоҳ баргузор гардид.