Ўзбекистон ва Эрон лоиҳаҳои пешомадноки ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётиву логистикӣ баррасӣ мекунанд

    Бо дастгирии сафоратхонаи кишварамон байни вазорату ташкилотҳои Ӯзбекистон ва Эрон конфронси видеоӣ ташкил карда шуд.

    Дар мулоқот муовини якуми вазири нақлиёти Ӯзбекистон Маминбай Омаров, муовини аввали вазири саноати кӯҳӣ ва геология Аъзам Қодирхоҷаев, сардори раёсати Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо Азизбек Салоҳиддинов, муовини ҳокими вилояти Хоразм Анвар Давлетов, инчунин намояндагони Палатаи савдо ва саноат ва дигар ташкилотҳо ширкат варзиданд, хабар медихад АИ Дунё.

    Аз ҷумла, иҷрои 29 лоиҳаи муштарак бо ширкати ширкатҳои ду кишвар бо арзиши умумии 160 миллион доллари амрикоӣ баррасӣ шуд.

    Зимни суҳбат доир ба дурнамои таъсиси минтақаи алоҳидаи саноатӣ барои ширкатҳои эронӣ ва дарёфти шарикон оид ба 23 лоиҳаи сармоягузорӣ дар вилояти Хоразм табодули афкор сурат гирифт.

    Дар поёни мулоқот дар мавриди ташкили сафари сафири Эрон Муҳаммад Алӣ Искандарӣ ба вилояти Хоразм ва баргузории муаррифии зарфиятҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва лоиҳаҳои сармоягузории пешниҳодшуда тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates