Тибқи тавофуқоти байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин, 1 декабри соли 2024 дар шаҳри Чэнду вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Чин дар бораи озод кардан аз талаботи раводидро имзо карданд.
Ин созишномаи байналмилалӣ масъалаҳои сафарҳои мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Чинро ба қаламрави ду давлаттанзим мекунад.
Мувофиқи шартҳои Созишнома, шаҳрвандон аз талаботи гирифтани раводид барои вуруд, баромад ё транзит тавассути қаламрави ду давлат ба муҳлати то 30 рӯз озод карда мешаванд.
Созишномаи мазкур пас аз анҷоми расмиёти дохилии зарурӣ аз ҷониби тарафҳо эътибор пайдо мекунад, иттилоъ медиҳад хидмати матбуотии ВКХ
Ӯзбекистон.