Дар вохӯрӣ махсус таъкид шуд, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Чин ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Ҳангоми суҳбат қайд гардид, ки робитаҳои байниминтақавӣ мунтазам васеъ мешаванд. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди минбаъдаи муколамаи байни мақомотҳои намояндагии маҳаллии ду давлат муҳокима гардиданд.
Тарафҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин фаъол гардондани робитаҳои байнипарлумонӣ мувофиқа намуданд.
Ҳамчунин оид ба иштироки ҳайати парлумонии Чин дар 150-умин ассамблеяи ҷашнии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки рӯзҳои 5-9 апрели соли 2025 дар Тошканд баргузор мешавад, мубодилаи афкор сурат гирифт. Он далел, ки ҷониби Чин ба ин чорабинии бонуфуз таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд, боз як далели равшани муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо мебошад.
Ин вохӯрӣ дар роҳи таҳкими минбаъда ва рушди ҳамкориҳои стратегии байни Ӯзбекистон ва Чин қадами муҳиме хоҳад шуд.