Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба сохтмони заводи автомобилии муштарак дар вилояти Чуй шурӯъ намуданд

    Нақлиёт 12 May 2023 2265

    Раиси раёсати ширкати «Ӯзавтосаноат» Улуғбек Розиқулов ва раиси Девони Вазирон – Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Ақилбек Жапаров 11 май ба сохтмони завод оид васл ва истеҳсоли нақлиёти автомобилии сабукрав ва техникаи тиҷоратии «Алтин Тулпар Унаа Курулуш» дар деҳаи Ак-Сууи вилояти Чуйи Қирғизистон оғоз намуданд.

    Раиси Девони Вазирон зимни суханронӣ ба сарони ду давлат, ки дар таҳкими ваҳдати ду ҷумҳурии баробар саҳми бузург гузоштаанд, изҳори сипос кард, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати Қирғизистон.

    «Имрӯз дӯстии Қирғизистону Ӯзбекистон ба зинаи нав баромад. Сафарҳои мутақобила суръат мегиранд, ки онро созишномаҳо оид ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо тасдиқ мекунанд. Далели ин имрӯз гузоштани капсула барои сохтмони заводи васл ва истеҳсоли автомобилҳои сабукрав мебошад. Ин барои ду давлат ҳам лоиҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ба ҳисоб меравад», – гуфт Акилбек Жапаров.

    Қобили зикр аст, ки тавофуқ дар бораи бунёди ин корхона дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи январи соли 2023 ҳосил шуда буд.

    Дар марҳалаи аввал иқтидори истеҳсолии завод дар як сол 10 ҳазор адад мошин буда, беш аз 1000 ҷойи кории доимӣ таъсис дода мешавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates