Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Қазоқистон 600 миллион метри мукааб об интиқол медиҳанд

    Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои рафъи норасоии обёрӣ дар ҷануби кишвар ба Қазоқистон 600 миллион метри мукааб об интиқол медиҳанд. Дар ин бора муовини сарвазири Қазоқистон Канат Бозумбоев хабар дод.

    Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунии таъмини оби обёрӣ дар ҷануби Қазоқистон дахолати фавриро талаб мекунад. Созишҳои қаблан байни кишварҳо бадастомада имкон медиҳанд, ки ҳаҷми зарурии об барои ниёзҳои кишоварзӣ таъмин гардад, менависад 24.kg.

    Канат Бозумбоев илова кард, ки ҳамаи музокиротҳои зарурӣ бо намояндагони Қирғизистон ва Ӯзбекистон анҷом дода шудаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки таъминоти об ба Қазоқистон аз ҷадвали пешбинишуда беш аз 1 миллиард метри мукааб ақиб мондааст.

    Муовини сарвазири Қазоқистон ҳамчунин ба шароити душвори иқлимии Осиёи Марказӣ дар соли 2025 ишора кард, ки дар он камобӣ, ҳарорати баланди тобистона ва камбуди боришот мушоҳида шудааст. Ин боиси зиёд шудани сарфи об барои зироаткорӣ ва кам шудани таъминоти он гардид.

    Ба гуфтаи Канат Бозумбоев, ҷараёни оби дарёҳои Сирдарё, Шу ва Талас, инчунин дигар каналҳо то 30–40 фоизи сатҳи маъмулӣ коҳиш ёфтааст. Ин ҳолат барои таъмини оби минтақа мушкилоти иловагӣ ба вуҷуд меорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates