Дар доираи сафари корӣ Талайбек Байгазиев бо муовини якуми раиси раёсати ҶС «Шабакаҳои барқи минтақавӣ» Ҷаҳонгир Обидҷонов мулоқот намуда, бо шароитҳои барои истеъмолкунандагон дар атрофи шаҳри Хива муҳайёгардида шинос шуд, инчунин аз ислоҳоти дар ин минтақа гузаронидашуда, аз ҷумла, дар бораи шароитҳои ҷорӣ кардани системаи автоматикунонидашудаи ҳисобдорӣ ва назорати нерӯи барқ (AСКУЭ) хабардор шуд, хабар медиҳад CentralAsia.
То имрӯз, Холдинги миллии энергетикӣ нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо шарикони ӯзбекистонӣ бар асоси созишномаҳои қаблан оид ба таҳвили дастгоҳҳои ҳисобкунии барқ ҳосилшуда ва ифтитоҳи корхонаи муштараки истеҳсоли ҳисобкунакҳои AСКУЭ дар Қирғизистон муайян кардааст.