Дар ҷараёни гуфтушунид пешрафти татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои металлургия, бахши агросаноатӣ, саноати электротехникӣ ва нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарматсевтика ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуд.

Қадамҳои минбаъдаи мушаххас барои омодасозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ дар қаламрави ду кишвар бо мақсади оғози корҳои сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолот мувофиқа гардиданд.

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба 912,3 млн долларро ташкил дода, 30% афзоиш ёфтааст. Аз ин, содирот 683 млн доллар ва воридот 229,3 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ҳар ду кишвар зиёда аз 500 корхонаи муштарак: дар Ӯзбекистон 386 корхона бо иштироки сармояи тоҷикӣ ва дар Тоҷикистон 116 корхона бо сармояи узбекӣ фаъолият доранд.