Зимни суҳбат қайд гардид, ки муколамаи байнипарлумонӣ ба минбари муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии кишварҳо табдил ёфтааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар назди порлумонҳои ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар рафти суҳбат оид ба таъмини ҳуқуқии созишномаҳои оид ба ҳамкории мамлакатҳои мо дар соҳаҳои гуногун ба амал омада, боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои байни комитетҳои парлумонӣ мубодилаи афкор барпо гардид.
Илова бар ин, ҷонибҳо зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин дар соҳаҳои баробарии гендерӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ таъкид карданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.