Ӯзбекистон ва Туркманистон роҳҳои нави ба роҳ мондани кооперацияи саноатиро баррасӣ мекунанд

    Муовини Сарвазир — вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоков вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмони Туркманистон Б.Аннамамедовро ба ҳузур пазируфт.

    Зимни гуфтушунид оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо афзоиши қобили мулоҳизаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро таъкид намуда, ба густариши талошҳои муштарак барои боз ҳам афзоиш додани онҳо изҳори назар карданд.

    Гуфта шуд, ки дар чаҳор соли ахир ҳаҷми муомилоти молии Ӯзбекистону Туркманистон панҷ баробар афзоиш ёфта, дар соли 2021 афзоиши гардиши тиҷоратии мутақобила нисбат ба соли қаблӣ 65 дарсадро ташкил додааст. Як қатор қарордодҳои тиҷоратӣ, ки дар натиҷаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар моҳи сентябри соли 2021 ба имзо расидаанд, дар марҳилаи татбиқи амалӣ қарор доранд.

    Тадбирҳои фаъолгардонии кооператсияи саноатӣ ва офаридани занҷири мукаммали арзиши иловашуда бо ҷалби иқтидорҳои истеҳсолии воқеъ дар қаламрави ду кишвар баррасӣ шуданд. Пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар самтҳои нави ояндадоре, ки дар заминаи афзалиятҳои рақобатпазирии иқтисодиёти Ӯзбекистон ва Туркманистон муайян шудаанд, ба миён гузошта шуданд.

    Механизмҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангии маъмурияти минтақаҳои ду кишварро барои таҳияи тарҳҳои нави ҳамкориҳои саноатӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ тақвият бахшанд.

    Тайёрии мутақобила барои ташкили сафарҳои ҳайатҳои вазорату идораҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи амнияти озуқаворӣ изҳор карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates