Ӯзбекистон чун узви Комиссияи омори СММ интихоб шуд

    Дар интихоботи Комиссияи омори СММ барои солҳои 2026-2029, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи худ якдилона узви ин ниҳод интихоб шуд.

    Агентии иттилоотии «Дунё» хабар медиҳад, ки Комиссияи оморӣ соли 1947 аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ШБҶ) ҳамчун як ниҳоди функсионалӣ таъсис ёфтааст. Он ташкилоти асосии байниҳукуматӣ мебошад, ки рушди соҳаи омори байналмилалиро муайян намуда, корҳоро оид ба стандартҳои универсалии оморӣ ва тамоюлҳои методологӣ ҳамоҳанг месозад. Комиссия аз 24 давлат иборат аст, ки онҳо дар ҳар 4 сол бо назардошти тақсимоти ҷуғрофӣ интихоб мешаванд.

    Интихоби Ӯзбекистон ба узвияти ин ниҳод аз эътирофи ҷаҳонии ислоҳоти густурда, ки дар мамлакат таҳти роҳбарии Президент амалӣ мешавад ва нақши афзояндаи кишвар дар равандҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

    Барои Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Комиссияи оморӣ гардидан ҷиҳати иштирок дар ташаккули сиёсати ҷаҳонии омор, намоиши таҷрибаи миллӣ ва дастовардҳои ислоҳот, омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates