Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Ба таркиби кӯмаки башардӯстона маҳсулоти ғизоӣ – орд, биринҷ, шакар, макарон, равғани офтобпараст ва намудҳои гуногуни консерваҳо, инчунин доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ дохил мешаванд.
Ин бор ба ҷониби Эрон расонида шуда, дар маросими қабули он ҳокими шаҳри Дарегаз Муҷтабо Базмара, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар вилояти Хуросон Разавӣ, мушовири вазир Алӣ Масумифар ва сафири Эрон дар Туркманистон Алӣ Муҷтабо Рузбеханӣ иштирок карданд.
Дар идомаи тадбир мақомоти Эрон барои ёрии башардӯстона ва таваҷҷуҳ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин иқдом нишонаи равшани дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва дастгирии мутақобилаи ду мамлакат мебошад.