Ӯзбекистон ба Афғонистон табибон ва кумаки башардӯстона фиристод

    Аз 25 то 30 декабр сокинони вилояти Балхи Афғонистон метавонанд аз муоинаи ройгони тиббӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи табибони ботаҷрибаи Ӯзбекистон гузаронида мешавад, баҳра баранд.

    Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Афғонистон кумаки гуманитарӣ дар шакли маводи ғизоии асосӣ ва доруворӣ, инчунин ташкили муоинаи ройгони тиббӣ фиристода шуд, хабар медиҳад хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Сурхондарё. Барои ин мақсад ба Афғонистон қатораи тиббӣ-санитарии «Саломатлик», ки аз 9 вагон иборат аст, фиристода шудааст.

    Гуфта мешавад, ки ин кумаки башардӯстона дар асоси дархости ҳукумати Афғонистон дар робита ба мусоидат дар ташкили муоинаи ройгони тиббӣ аз ҷониби табибони Ӯзбекистон анҷом дода мешавад.

    Илова карда мешавад, ки интиқоли борро ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов, намояндагони вазоратҳои нақлиёт ва корҳои хориҷӣ, инчунин ҶС «Ӯзбекистон темир йуллари» таъмин намуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates