Тибқи иттилои хадамоти Туту.ру, Ӯзбекистонро 20 фоизи корбарон  интихоб карданд. Пешсафи анъанавии афзалиятноки сайёҳӣ Туркия – 11 фоизи талабот. Бо тафовути на он қадар зиёд Арманистон ҷои сеюмро ишғол кард - 10% фармоиш.

Дар байни самтҳои маъмул инчунин Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон мебошанд. Аз он хориҷи дур - Исроил ва Юнон, хабар медиҳад телеканали “МИР-24”.  

Илова менамоем, ки «Аэрофлот» 20 май парвозҳои мунтазами “Маскав - Тошканд”-ро  ба роҳ мемонад. Намояндагони нақлиёти ҳавоӣ хабар доданд, ки парвозҳо ҳар рӯз анҷом дода  мешаванд.