Ин ҳамкорӣ ба таҷдиди энегоблокҳои мавҷудаи неругоҳҳои барқи кишвар нигаронида шудааст. Ин маънои онро дорад, ки барои таъмини аҳолӣ ва бахшҳои муҳими иқтисодиёти кишвар бо неруи барқи бефосила ва босифат боз як қадами муҳим гузошта шуд, хабар доданд дар ҶС "Неругоҳҳои ҳароратии барқӣ".
Дар доираи шартнома ба ғайр аз хидматрасониҳо ба неругоҳҳои барқӣ, қисмҳои нави эҳтиётӣ итиқол дода шуда, барои барқарор намудани қисмҳои эҳтиётии барҳам додашуда корҳо анҷом дода мешаванд.
«Ҳамин тавр, мо ба соҳаи электроэнергетикаи кишвар таҷҳизоти замонавӣ, хеле мукаммал ва каммасраф ворид намуда, дар худ технологияҳои пешрафтаро ҷорӣ менамоем, ки ин дар ниҳоят ба арзон шудани арзиши ниҳоии маҳсулот аз ҳисоби кам кардани сарфи сӯзишворӣ ва рақамикунонии истеҳсолот оварда мерасонад", - мегӯяд директори генералии ҶС "Ӯзбекэнерготаъмир" Илҳом Раҷабов.
Боз як нуктаи муҳими марбут ба анҷоми музокирот ин аст, ки акнун кормандони ҷавони ҶС «Ӯзбекэнерготаъмир» тавассути корҳои таъмиру танзим бо иштироки мутахассисони амрикоӣ малакаи худро такмил медиҳанд. Ин имкони дигаре барои ҷавонони мост, то дониш ва таҷрибаи худро дар мавриди истифода ва кор бо дастгоҳҳои барқии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда инкишоф диҳанд.