Ин ҷоиза ба шахсони алоҳида ва созмонҳое супорида мешавад, ки дар таҳкими сулҳи байнидинӣ, эҳтироми мутақобила, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтидори инсонӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Барандагони ҷоиза созишномаи таърихии сулҳ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон, инчунин ҳомии ҳуқуқи инсон аз Афғонистон, ҳимоятгари таҳсили духтарон Зарка Яфтали эътироф гардиданд.
Роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева, ки дар кори ҳайати ҳакамони ҷоизаи байналмилалӣ иштирок дошт, барандагонро табрик намуд.
«Созишномаи сулҳ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон намунаи муҳиме мебошад, ки нишон медиҳад ҳатто низоъҳои тӯлонӣ ва мураккаб метавонанд бо роҳи сулҳомез ҳал карда шаванд», — таъкид намуд Саида Мирзиёева.
Ҳамчунин ӯ саҳми Зарка Яфталиро, ки тамоми умрашро ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон ба таҳсил бахшидааст, махсус зикр кард. Зарка Яфтали барои пешниҳоди захираҳои таълимӣ, кӯмаки равонӣ-иҷтимоӣ ва хизматрасониҳо дар сатҳи ҷамоаҳо ба беш аз 100 ҳазор нафар дар Афғонистон ва берун аз он сазовори ҷоиза гардидааст. Ӯ дар таъсиси зиёда аз 100 мактаб нақши калидӣ бозида, барои ҳазорон духтар дар минтақаҳои аз низоъ осебдида имкониятҳои таҳсил фароҳам овардааст.
«Фаъолияти чандинсолаи ӯ дар ҳифзи ҳуқуқи духтарон ба таҳсил нишон медиҳад, ки кӯшишҳои пайгирона ва устувор метавонанд зиндагии одамон ва тамоми ҷомеаҳоро тағйир диҳанд. Ҳам сулҳ ва ҳам дастрасии духтарон ба таҳсилро ман муҳимтарин арзишҳо мешуморам, ки устуворӣ ва рушди ҷомеа мустақиман ба онҳо вобаста аст», — зикр намуд роҳбари Администратсияи Президент.
Маросими супоридани ҷоиза ба барандагони соли 2026 рӯзи 4 феврал дар шаҳри Абӯ-Дабӣ, дар Рӯзи байналмилалии бародарии инсонӣ, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудааст, баргузор мегардад.