Ӯзбекистон созишномаи оташбас дар минтақаи Ғазаро пазируфт

    Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи оташбас ва озод кардани гаравгонҳоро, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба даст омадааст, истиқбол мекунад.

    «Мо ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи Миср, Қатар ва Туркия, ки дар ин раванди муҳим нақши назаррас бозиданд, баҳои баланд медиҳем. Ин раванд барои ҳарчи зудтар қатъ шудани хушунат, сабук гардидани буҳрони башардӯстона ва барқароршавии муколамаи сиёсӣ замина фароҳам меорад.

    Ӯзбекистон ҳамеша тарафдори сулҳи пойдор ва одилона дар Ховари Миёна мебошад, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ асос ёфтааст.

    Мо итминон дорем, ки оташбас набояд танҳо як тадбири муваққатӣ бошад, балки қадаме гардад ба сӯи танзими дарозмуддати сиёсӣ, ки амният, ҳамзистии устувор ва барқароршавии эътимод байни ҷонибҳоро таъмин менамояд.

    Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагии худро барои минбаъд низ мусоидати созанда кардангба талошҳои байналмилалӣ, ки ба дастёбӣ ба сулҳ, субот ва сабук гардидани вазъи башардӯстона дар минтақаи Ховари Миёна равона шудаанд, тасдиқ менамояд», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates