Ӯзбекистон бузургтарин фурӯшандаи тилло миёни бонкҳои марказӣ дар моҳи апрел шуд

    Молия 4 Iyun 2025 1314

    Бинобар маълумоти пешакии Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), дар моҳи апрели соли 2025 бонкҳои марказии ҷаҳон ҷамъан 12 тонна тилло харидаанд. Ин миқдор хеле камтар аз миёнаи 12 моҳи ахир аст (28 тонна), ки мумкин аст бо болоравии шадиди нархи тилло аз аввали сол вобаста бошад.

    Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо вуҷуди коҳиши муваққатии харид, бонкҳои марказӣ ба афзоиши захираҳои тилло дар чорчӯби стратегияҳои дарозмуддати диверсификатсияи захираҳо идома хоҳанд дод. Дар бозор бештар бонкҳои марказии кишварҳои рӯ ба тараққӣ фаъол ҳастанд.

    Пешрави харидорон дар моҳи апрел Бонки миллии Лаҳистон (Полша) буд, ки захираҳои худро ба андозаи 12,4 тонна афзоиш дод. Дар ҷойҳои баъдӣ Чехия (2,5 тонна), Қирғизистон (2,3 тонна), Чин (2,2 тонна), Туркия (2,1 тонна), Қазоқистон (0,9 тонна) ва Урдун (0,7 тонна) қарор доранд.

    Дар ҳамин ҳол, бузургтарин фурӯшандаи тилло Бонки марказии Ӯзбекистон шуд, ки захираҳои тилоии худро ба андозаи 11,2 тонна кам кард. Ин аввалин моҳ нест, ки пайдарпай кишвар қисме аз захираҳои худро мефурӯшад — Ӯзбекистон дар заминаи ҳаҷми фурӯш пешсаф мемонад, ки мумкин аст бо болоравии нархҳо ва эҳтимолан ниёз ба ликвидияти дохилӣ иртибот дошта бошад.

    Ба гуфтаи коршиносон, талабот ба тилло аз ҷониби кишварҳои дорои иқтисоди рӯ ба рушд боқӣ хоҳад монд. Дар конфронси «Тилло 2025» таҳлилгари калони Маркази пешгӯии иқтисодии Газпромбанк Даря Тарасенко зикр кард, ки ин кишварҳо то ба сатҳи кишварҳои рушдёфта дар бахши захираҳои тилло наздик шудан бояд тақрибан 11 ҳазор тонна тилло харанд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates