Ўзбекистон дар конфронси 12-уми Созмони ҷаҳонии савдо дар Женева иштирок мекунад

    Аз 12 то 15 июни соли равон дар шаҳри Женева (Швейтсария) 12-умин Конфронси вазирони Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) – ҷамъомади мақомоти олии роҳбарикунандаи СҶС баргузор мегардад.

    Дар ин чорабинӣ вазирони савдои кишварҳои узви СҶС ва кишварҳои нозир ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.

    12 июн дар доираи барнома маросими ифтитоҳ ва ҷамъомади умумӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои мубрами низоми савдои бисёрҷониба, аз ҷумла мубориза бо оқибатҳои коронавирус, даст кашидан аз истифода қоидаҳои Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ (ҶТҲМЗ) дар истеҳсоли ваксинаҳо бар зидди штаммҳои гуногуни COVID-19, рушди соҳаи кишоварзӣ, оптимизатсияи субсидияҳо барои моҳипарварӣ, ислоҳоти СҶС ва ғайра баррасӣ шуданд.

    Дар рафти Конфронси вазирон дар баромади онлайнии худ муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ С.Умурзоқов нақши муҳими СҶС-ро дар мубориза бо оқибатҳои коронавирус, ҳалли бӯҳрони озуқаворӣ, рушди кишоварзӣ ва таҳкими низоми бисёрҷонибаи тиҷорат таъкид намуд. Афзалияти мутлақи узвияти Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии савдо ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии иқтисодии кишвар дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 таъкид гардид.

    Илова бар ин, омодагӣ ба пешбурди фаъолонаи раванди воридшавии Ӯзбекистон ба СУС, аз ҷумла дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории созмон, ки рӯзҳои 21-22 июни соли 2022 баргузор мешавад, изҳор карда шуд.

    Ҳамчунин дар ҳошияи Конфронси вазирон таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии Гурӯҳи ғайрирасмии кишварҳои узви СҶС (IGAG) дар сатҳи роҳбарони ҳайатҳои вазирон баргузор шуд. Дар чаҳорчӯби он масъалаҳои мубрами кишварҳои узви он баррасӣ шуданд. Доир ба мушкилоту душвориҳои асосӣ, ки мамлакатҳои номзад дар рафти гуфтушунид оид ба дохил шудан ба Созмон дучор меоянд, мубодилаи амалии таҷриба ва афкор сурат гирифт.

    Барои маълумот: Конфронси вазирон мақоми олии СҶС мебошад. Ҷамъомадҳои Конфронси вазирон тибқи моддаи 4-уми «Созишномаи Маррокаш дар бораи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии савдо» аз 15 апрели соли 1994 як маротиба дар ду сол ё бештар аз он гузаронида мешаванд. То имрӯз 11 конференция гузаронда шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates