Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр, комиссияи иборат аз кормандони мақомоти давлатӣ ва хидмати мунисипиалӣ таҳти сарварии муовини раиси шаҳр Жасур Азимов бо оғози кор дар маҳал шинос шуданд.
Азнавсозии театр тибқи созишномаҳое, ки байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон оид ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи иҷтимоию иқтисодии байналмилалӣ баста шудаанд, оғоз шудааст.
Анҷоми азнавсозии театр дар аввали соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, бинои театр пурра нав карда мешавад.