Ӯзбекистон аз ташаннуҷи вазъ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ изҳори нигаронӣ кард

    Ӯзбекистон аз тезутунд шудани вазъ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.

    «Мо аз ҷонибҳо даъват мекунем, ки аз ташдиди ташаннуҷ худдорӣ кунанд ва барои ҳарчи зудтари ҳалли низоъ тамоми чораҳои заруриро андешанд.

    Ҳалли мушкилоти Фаластину Исроил бояд дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дар асоси қатъномаҳои пештар қабулкардаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва тамоюли «ду давлат барои ду халқ» ба амал бароварда шавад.

    Мо ҷонибҳоро ба таҳаммул ва иродаи сиёсӣ барои ҳалли низоъ тавассути муколама ва дипломатия даъват менамоем», — гуфта мешавад дар Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates