Гуфта мешавад, ки идораи шаҳрӣ ва шуъбаҳои ноҳиявии безараргардонӣ корҳои дезинфексияро танҳо дар ҳолатҳои зарурии эпидемиологӣ анҷом медиҳанд.

Тавзеҳ дода мешавад, ки дезинфексия маҷмӯи чорабиниҳоест, ки ба нест кардани ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ дар муҳити беруна равона шудааст. Ба ин мафҳум дезинфексия, дезинсексия ва дератизатсия дохил мешаванд.

Ба идора муроҷиатҳои шаҳрвандон зиёд шудаанд, ки шахсони ношинос худро кормандони СЭС муаррифӣ намуда, гузаронидани ҳатмии дезинфексияро дар манзилҳои истиқоматӣ, объектҳои соҳибкорӣ, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, клиникаҳои хусусӣ, сартарошхонаҳо, салонҳои зебоӣ ва дигар ташкилотҳо талаб карда, барои ин ғайриқонунӣ маблағ меситонанд.

Дар иттилоия таъкид мешавад, ки кормандони Кумитаи санитарию эпидемиологӣ ва зерсохторҳои ноҳиявии он бо мақсади гузаронидани дезинфексия ё фурӯши маводи доруворӣ ба хона ба хона намегарданд ва ба объектҳои тиҷоратӣ намераванд. Чунин хизматрасониҳо танҳо дар асоси ихтиёрӣ ва тибқи шартнома — бо муроҷиати шаҳрвандон ё ташкилотҳо анҷом дода мешаванд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз шахсоне, ки худро кормандони СЭС муаррифӣ мекунанд, шаҳодатномаи хизматӣ талаб намоянд. Агар онҳо кормандони ширкатҳои хусусии дезинфексионӣ бошанд, бояд ҳуҷҷатҳои ташкилот ва иҷозатномаи амалкунандаи фаъолияти дезинфексионӣ пешниҳод карда шаванд.

Инчунин зарур аст мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои дезинфексионии истифодашаванда санҷида шавад. Танҳо баъд аз ин мумкин аст корҳои мазкур ба таври ихтиёрӣ анҷом дода шаванд.

Дар ҳолати ошкор шудани далелҳои қаллобӣ ва ҷамъоварии ғайриқонунии маблағҳо, бояд ба нозири пешгирӣ муроҷиат карда ё ба рақами 102 занг зад.