баннер
23 Mar 2025
03:24

    «Узбекнефтегаз» ва ширкати «Honeywell» масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиониро дар соҳаи нафту газ баррасӣ карданд

    Саноат 20 Mart 2025 533

    Байни роҳбарияти ҶС «Узбекнефтегаз» ва яке аз ширкатҳои пешбари ИМА – «Honeywell» вохӯрӣ баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ оид ба лоиҳаҳои амалишавандаи ҶС «Узбекнефтегаз», натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои стратегӣ маълумот пешниҳод гардид. Ба ин лоиҳаҳо ташаббусҳое шомиланд, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи нафту газ, автоматикунонӣ ва рақамисозии равандҳои истеҳсолӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ равона шудаанд.

    Дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки ширкат талош дорад, тавассути трансформатсияи равандҳои тиҷоратӣ истеҳсолотеро роҳандозӣ намояд, ки ба меъёрҳои баланди технологӣ ҷавобгӯ бошад. Ин ташаббусҳо ба таҳкими суботи иқтисодии кишвар ва инчунин таъмин намудани самаранокии баланд дар соҳаи нафту газ мусоидат мекунанд.

    Президенти ширкати «Honeywell» оид ба Туркия, Исроил ва Осиёи Марказӣ – Уйғар Дюран потенсиали мутахассисони ӯзбекро баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти ҳамкории ояндаро таъкид кард. Инчунин, намояндаи ширкат дар бораи лоиҳаҳои муҳими дар Ӯзбекистон татбиқшаванда ва самтҳои умедбахши ҳамкорӣ муфассал маълумот дод. Ҳамзамон, шиносоӣ бо кормандони дафтари нави ширкати «Honeywell», ки дар Ӯзбекистон ифтитоҳ шудааст, баргузор гардид.

    Сипас, ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкориро баррасӣ намуданд. Илова бар ин, барои лоиҳаҳои нави муштарак шахсони масъул муайян карда шуданд.

    Ин шарикии стратегӣ ба татбиқи ҳалли муосири технологӣ дар соҳаи нафту гази Ӯзбекистон равона гардида, барои рушди минбаъдаи соҳа ва таҳкими робитаҳои муфиди тиҷоратӣ хидмат хоҳад кард.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech