Озмун аз се марҳила — миллӣ,
минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иборат буд. Дар он зиёда аз 210 ҳазор донишҷӯ аз 2000
коллеҷ ва донишгоҳи беш аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз ҷумла,
дастаҳои Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, Донишгоҳи Инҳа ва
Донишгоҳи политехникии Турин низ иштирок карданд.
Дар беш аз 10 самти озмун дастаҳо
роҳҳалҳои амалиеро пешниҳод намуданд, ки дорои арзиши иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ буда,
ба таҳлили мушкилоти рӯзмарра ва истифодаи технологияҳое чун зеҳни сунъӣ,
ҳисоббарории абрӣ, додаҳои бузург ва дигар технологияҳои муосир асос ёфта
буданд.
Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки дар он 179
даста аз зиёда аз 40 кишвар, аз ҷумла Чин, Туркия, Швейтсария, Чили, Покистон,
Миср, Қатар ва Нигерия иштирок карданд, намояндагони Ӯзбекистон чунин ҷойҳоро
соҳиб шуданд:
Дастаи Донишгоҳи технологияҳои
иттилоотии Тошканд дар самти «Practice Competition – Network Track» ҷойи якумро
ба даст овард;
Дастаи муштараки Донишгоҳи
технологияҳои иттилоотии Тошканд, Донишгоҳи Инҳа ва Донишгоҳи политехникии
Турин дар самти «Practice Competition – Cloud Track» соҳиби ҷойи сеюм гардид.
«Huawei ICT Competition» яке аз
бузургтарин чорабиниҳои байналмилалӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои
ҷаҳон мебошад. Иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки донишҳои худро дар соҳаи
технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мустаҳкам намуда, малакаҳои амалии
худро рушд диҳанд ва бо истифода аз технологияҳои навтарин ба навоварӣ машғул
шаванд. Ин озмун ба рӯйхати мусобиқаҳои миллии донишҷӯёни донишгоҳҳои Чин шомил
буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун барномаи пешсаф бо дастгирии ЮНЕСКО тавассути
Академияи ҷаҳонии малакаҳо эътироф шудааст.