Олимони ӯзбекистонӣ биостимулятор офариданд, ки ба 8-10 сентнер зиёд шудани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад

    Илм 10 May 2022 830

    Олимони Академияи Хоразм Маъмун дар лабораторияи тадқиқоти физикию химиявӣ биостимулятори нав ба вуҷуд оварданд.

    Бино ба маълумоти Академияи илмҳои Ӯзбекистон, биостимулятор аз кислотаи пара-нитробензойнӣ, намаки хлориди мис (II) ва триэтаноламин иборат аст. Сохтори он бо усули дифраксияи рентгенӣ санҷида шудааст, то нишон диҳад, ки он комплекси миси биядроиро ташкил медиҳад.

    Биостимуляторе, ки олимон офаридаанд, БКМ номида мешавад ва ҳангоми санҷиш дар гандум ва ҷуворимакка қайд карда шудааст, ки нашъунамои онҳо ба 3-4 рӯз, инкишоф - дар ҳама марҳилаҳои нашъунамо нисбат ба назорат суръат мегирад, ҳосил 3-5 рӯз пештар пухта расида, ҳосили 1 гектар 8-10 сентнерӣ меафзояд.

    Интизор меравад, ки ин дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва аз микроорганизмҳои фитопатогенӣ муҳофизат кардани растанӣ натиҷаҳои муайян ба даст меорад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates