Расмигардонии ҳуқуқии хати гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дар асоси тамоюлҳои баробарӣ, нафъи мутақобила ва ҳамсоягии нек ба шукуфоии иқтисодии ду кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ хидмат мекунад.

Муайян намудани ҳудудҳои баҳсӣ имкон дод, ки каҷфаҳмӣ ва низоъҳои гуногун пешгирӣ карда, инчунин амалиёти вайронкоронаи баъзе гурӯҳҳои диверсия бартараф карда шавад.

Аз ин рӯ, дақиқ ва расман муайян кардани сарҳади байни кишварҳо талаби таъхирнопазири имрӯз аст.

Раванди делимитатсияи сарҳад миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо саъю кӯшиши муштарак бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мусбат анҷом ёфт, хабар медиҳад ӮзА.