Дар соли 2022 мубодилаи моли Ўзбекистон бо кишварҳои ИДМ се баробар афзуд

    Дар айни ҳол Ӯзбекистон ҳамкориҳоро бо шарикон дар доираи ИДМ дар се самт: дар соҳаи сиёсат ва амният, иқтисод ва гуманитарӣ инкишоф медиҳад.

    Вазифаҳои аввалиндараҷа ташаккули минтақаи комилҳуқуқи тиҷорати озод ва таҳкими робитаи нақлиётӣ дар фазои ИДМ мебошанд.

    Ба муттаҳидсозии саъй дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ, ки ба амиқсозии ҳамкориҳои саноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

    Дар солҳои охир Ӯзбекистон иштироки худро дар фаъолияти Иттиҳод афзоиш дода, зиёда аз 40 созишномаи бисёрҷониба ба имзо расонида, инчунин ба 23 сохтори соҳавии ИДМ шомил гардид.

    Дар соли 2022 муомилоти мол байни давлатҳои Иттиҳод се баробар афзуда, беш аз 1 ҳазор корхонаҳои муштарак созмон дода шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates