Соли 2022 дар Ӯзбекистон НБҲ ва НБО-и иқтидори умумиашон 1474 МВт ба истифода дода мешаванд

    Энергетика 16 Fevral 2022 877

    То охири соли ҷорӣ дар кишвар ҳафт нерӯгоҳи нав – шаш нерӯгоҳи ҳароратӣ (НБҲ) ва як нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ (НФО) бо иқтидори умумии 1474 МВт ба истифода дода мешавад.

    Аз он ҷумла, дар моҳи январ дар вилояти Бухоро ду нерӯгоҳи барқии ҳароратии иқтидораш 270 МВт ва 240 МВт дар вилояти Тошканд ба истифода дода шуданд.

    Инчунин моҳи апрел дар вилояти Самарқанд ба кор даровардани нерӯгоҳи офтобии фотоэлектрикии иқтидораш 100 МВт ба нақша гирифта шудааст.

    Дар моҳи март ду НБҲ-и иқтидорашон 230 ва 240 МВт дар вилояти Тошканд ва як НБҲ-и иқтидораш 174 МВт дар вилояти Хоразм моҳи март ва як НБҲ-и иқтидораш 220 МВт дар вилояти Сирдарё охири сол ба истифода дода мешаванд.

    Дар натиҷа иқтидори умумии низоми энергетикии Ӯзбекистон аз 16 000 МВт мегузарад, хабар медиҳад, хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates