Дар Алмаато намоишгоҳи «Гавҳари Арал» кушода шуд

    Фарҳанг 28 Sentabr 2022 1575

    Дар Осорхонаи марказии давлатии Қазоқистон маросими ифтитоҳи намоишгоҳи сайёри «Аралбойи маржанӣ» (Гавҳари Арал) баргузор шуд, ки ба таблиғи мероси ғании таърихию фарҳангии халқи қорақалпоқ бахшида шудааст.

    Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои илмӣ ва академикии Қазоқистон, ҳамватанон аз ҷумлаи фаъолони диаспораи қорақалпоқҳо, донишҷӯён, инчунин кормандони Консулгарии генералии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

    Дар намоишгоҳ беш аз 150 экспонатҳои Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, аз ҷумла ҳам коллексияҳои меъморӣ, ҳам этнографӣ, либосҳои миллӣ ва ҷиҳозҳои зинатӣ, ки на танҳо таърих, балки тарзи ҳаёт, фарҳанги анъанавии халқи қароқалпоқро инъикос менамояд, ба намоиш гузошта шудаанд.

    Директори Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги Қароқалпоқистон Айжамал Юсупова дар бораи корҳое, ки оид ба оммавӣ гардондани коллексияи музей амалӣ гардонда мешаванд, эътибори Ҳукумати Ӯзбекистон ба таҳкими пойгоҳи моддию техникии осорхона нақл кард, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Намоишгоҳ кори худро то 6 октябр давом медихад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates