Дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Туркманистон баргузор шуд

    Дар Ашқобод ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ баргузор шуд.

    Дар кори ҷамъомад ба ҳайати Ӯзбекистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Туркманистон раҳбарони вазорату идораҳои Туркманистон таҳти раёсати муовини раиси Девони Вазирон Ботир Атдаев ширкат доштанд, хабар медиҳад Turkmenportal.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиётро баррасӣ карданд.

    Доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ мубодилаи афкор барпо гардид. Масъалаҳои саноати химия низ муҳокима шуданд.

    Пас аз ҷамъбасти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ маросими имзои Протоколи ҷаласаи ҳабдаҳум баргузор гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates