Дар Остона амнияти энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад

    Энергетика 3 Oktabr 2023 1352

    Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон Анҷумани энергетикии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) оғоз мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров дар брифинг хабар дод.

    «3-4 октябр дар Остона таҳти раёсати Қазоқистон Форуми энергетикии Созмони ҳамкории Шанхай дар чаҳорчӯби Kazakhstan Energy Week - 2023 ва форуми KAZENERGY-и АвруОсиё баргузор мешавад», - гуфт Смадияров.

    Ба гуфтаи вай, дар ин ҳамоиш раҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви СҲШ, нозирон ва шарикони муколама ширкат хоҳанд кард, хабар медиҳад EurasiaToday.ru.

    «Роҳбарони ҳайатҳо равишҳои стратегии рушди ҳамкориҳои энергетикӣ дар доираи СҲШ-ро мавриди муҳокима қарор дода, имкони қабули қарорҳои мушаххасро ҷиҳати таъмини амнияти энергетикии минтақа баррасӣ мекунанд», - шарҳ дод намояндаи расмии ВКХ.

    Тавре аз хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон қаблан хабар шуда буд, бо ташаббуси Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар ҷумҳурӣ стратегияи энергетикии СҲШ таҳия карда мешавад.

    Ҳуҷҷат самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаи аъзои созмон дар ин соҳа то соли 2030-ро дар бар мегирад.

    Коршиносони МАГАТЭ ба кори арзёбии интихоби ҳудуди деҳаи Улкени вилояти Алмаатои Қазоқистон ҳамчун макони эҳтимолӣ барои сохтмони неругоҳи барқи атомӣ шурӯъ карданд.

    Аз рӯи натиҷаҳои кор дар бораи минбаъд муайян кардани участкаи оптималии неругоҳи электрикии атомӣ бо таклифу тавсияҳо маърӯза пешниҳод карда мешавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates