Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар дод, ки таваҷҷуҳро ба афзоиши хатари паҳншавии вируси вабо бар асари обхезиҳо дар Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ва ҳамчунин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷалб кардааст.
Тибқи маълумотномаи СУТ, дар моҳи август аз 17 кишвар, қаламрав ва минтақаҳои чаҳор минтақаи СУТ “49 986 ҳолати бемории вабо” ва 161 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо моҳи июл, дар ин моҳ 16% камтар ҳолатҳои сироят ва 28% камтар марг ба қайд гирифта шудааст. Дар Афғонистон дар моҳи август 24 977 нафар, Покистон 7 802 нафар, Яман 7 123 нафар бемор шудаанд, "Ообхезии шадиди ахир дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, инчунин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хатари паҳншавии ваборо афзоиш додааст”- изҳор намудааст СУТ.
Аз 1 январ то 25 август дар 28 кишвари ҷаҳон 371 ҳазору 517 нафар ба бемории вабо мубтало шуданд ва 2 ҳазору 527 аз ин беморӣ фавтидааст. Махсусан дар минтақаи Шарқии баҳри Миёназамин ва Африқо сатҳи баланд ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали сол то кунун дар Афғонистон беш аз 120 ҳазор, дар Покистон қариб 50 ҳазор, дар Яман беш аз 31 ҳазор, дар Ҷумҳурии Демократии Конго беш аз 23 ҳазор, дар Эфиопия ҳудуди 23 ҳазор, дар Замбия - бештар аз 20 ҳазор, Зимбабве — бештар аз 20 ҳазор беморӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медихад tass.ru.
СУТ дар моҳи январи соли 2023 афзоиши гирифторшавӣ ба ваборо ҳамчун "як ҳолати фавқулоддаи дараҷаи сеюм" тавсиф кард, ки ба сатҳи баландтарини мураккабӣ мувофиқат мекунад. "Бо дарназардошти шумораи хуруҷи беморӣ дар саросари ҷаҳон ва тақсимоти ҷуғрофии онҳо, инчунин нарасидани ваксинаҳо ва дигар захираҳо, СУТ баҳодиҳии хатари глобалиро [аз моҳи август] хеле баланд арзёбӣ мекунад" гуфта мешавад дар машварат.
Вабо як бемории махсусан хатарноки сироятӣ мебошад, ки бо вируси вабо ба вуҷуд меояд. Он вақте рух медиҳад, ки патоген ба организм бо ғизо ё оби олуда ворид мешавад.