Дар Австралия қонун қабул шуд, ки дастрасии кӯдаконро ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд мекунад

    Мақомоти Австралия қонуне қабул карданд, ки ба кӯдакони то 16-сола дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад.

    Сарвазири кишвар Энтони Албанезе дар ин бора изҳори назар кард.

    Раиси Ҳукумат таъкид намуд, ки Австралия "қонуни пешрафтаро барои тамоми ҷаҳон қабул кард, ки синни минималии истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро 16 сол муқаррар мекунад". "Ин қонун ба қонунгузории дарамал тағйирот ворид мекунад, ки дар интернет амниятро ба танзим меоварад, то ки ҳифзи боэътимоди австралиёиҳои ҷавонро дар марҳилаҳои муҳимми рушди онҳ таъмин кунад," — омадааст дар изҳорот.

    Ҳамчунин, Албанезе таъкид кард, ки мақомоти кишвар аз ширкатҳои технологӣ ва маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мекунанд, ки барои он ки истифодабарони синнашон аз 16 поён аккаунт ва саҳифаҳо таъсис дода натавонанд, чораҳои оқилона андешнд.

    "Ҳукумат ҷаримаи шадидро барои вайрон кардани қонуни нав пешбинӣ мекунад ва барои ин ба платформаҳои рақамӣ ҷаримаҳое ба миқдори то 49,5 миллион доллари австралиягӣ (беш аз $32 миллион) таҳдид кунанд," — ӯ шарҳ дод, ки қоидаҳои нави қонун ба шабакаҳои иҷтимоӣ Snapchat, TikTok, Instagram ва X (пештара Twitter) дахл мекунанд. Барои кӯдакон Google Classroom ва YouTube, инчунин воситаҳои ирсоли паёмҳо ва бозиҳои онлайн дастрас хоҳанд буд, хабар медиҳад tass.ru.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates