Дар он аъзои Сенат, ҳукумат, намояндагони вазорату идораҳо, вакилони Шӯроҳои маҳаллӣ, аъзои Парлумони ҷавонони назди Сенат ва кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Ба кор ҷамъомади умумӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева роҳбарӣ мекунад.

Рафти баррасии масъалаҳо дар ҷамъомади умумиро метавон мустақиман тавассути канали Сенат дар YouTube онлайн тамошо кард.

Дар ҷамъомади 19-уми умумии Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ҷорӣ намудани алифбои ӯзбекӣ, ки бар асоси графикаи лотинӣ таҳия шудааст”баррасӣ гардид.

Дар солҳои охир дар кишвар ҷиҳати рушди забони узбекӣ ва таҳкими мақоми он ҳамчун забони давлатӣ тадбирҳои низомнок амалӣ мешаванд. Таъкид гардид, ки нуфузи байналмилалии забони ӯзбекӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Тибқи қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҷорӣ намудани алифбои узбекӣ, ки бар асоси графикаи лотинӣ таҳия шудааст», тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд. Мувофиқи он, алифбои ӯзбекӣ, ки бар асоси графикаи лотинӣ таҳия шудааст, ба ҷойи 26 ҳарф ва 3 таркиби ҳарфӣ аз 28 ҳарф ва як апостроф иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин муқаррар карда мешавад, ки бо мақсади ба назар гирифтани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар раванди гузариш ба алифбои таҳрири нав, то мавриди амал қарор гирифтани қонун истифодаи ҳуҷҷатҳо, пули миллӣ ва коғазҳои қиматноке, ки бар асоси алифбои амалкунанда таҳия шудаанд, иҷозат дода мешавад. Баъзе аломатҳои рамзии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин лавҳаҳо ва нишондиҳандаҳоро то аз кор баромаданашон ё то муҳлати муқарраргардида истифода бурдан мумкин аст.

Ба гуфтаи сенаторон, қабули ин қонун ба такмили алифбои ӯзбекӣ, ки бар асоси графикаи лотинӣ таҳия шудааст, ва қоидаҳои имло, тавсеаи имкониятҳои истифодаи забони давлатӣ, инчунин рушди равандҳои рақамикунонии забони ӯзбекӣ мусоидат мекунад.

Пас аз анҷоми муҳокима қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.