Қобили зикр аст, ки сармояи умумии корпоратсия 38 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҶММ «Тошкент Конч Семент» дар ҳудуди ноҳия 183,3 гектар замин барои азхудкунии конҳо ва 34,2 гектар барои сохтмони корхона ҷудо кардааст.
Бинобар хабари хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд, вақте кохона бо иқтидори пурра ба кор медарояд, он 400 ҷойи нави доимии корӣ созмон дода, дар як сол 2,5 миллион тонна симон истеҳсол мекунад.
То имрӯз аз ҳисоби сармоягузории мустақими хориҷӣ, ки аз ҷониби шарикони хориҷии чинӣ ҷалб гардидаанд, ба маблағи 16,7 миллион доллари ИМА зиёда аз 40 мошину таҷҳизоти махсус ворид карда шудааст.