«Президент возеҳ баён кард, ки ӯ ба сулҳ нигаронӣ кардааст. Мо мехоҳем, ки шарикони мо низ ба ин ҳадаф содиқ бошанд… Мо кумаки худро қатъ карда, онро бознигарӣ мекунем, то мутмаин шавем, ки он ба ҳалли масъала мусоидат мекунад», – иқтибос меорад Washington Post аз изҳороти намояндаи Кохи Сафед.
Қаблан ширкати телевизионии Fox News, бо истинод ба як намояндаи баландпояи Кохи Сафед, хабар дода буд, ки ИМА тамоми кумаки ҳарбиро ба Украина бозмедорад, то он даме ки Трамп итминон ҳосил кунад, ки Киев ба музокироти сулҳӣ содиқ аст. Тавре ки манбаъ қайд мекунад, сухан дар бораи қатъ кардани кумак нест, балки танҳо дар бораи мутаваққифсозии муваққатӣ меравад.
Ба иттилои Bloomberg, тамоми интиқоли таҷҳизоти низомии амрикоӣ, ки айни ҳол дар ҳудуди Украина қарор надорад, мутаваққиф карда мешавад. Ин шомили силоҳ ва таҷҳизоте мебошад, ки дар ҳавопаймоҳо ва киштиҳо ҳангоми интиқол қарор дорад, инчунин дар минтақаҳои транзитӣ дар ҳудуди Полша интизор аст, хабар медиҳад RIA.ru.