Дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор шуд

    26 октябри соли 2023 дар Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ба кори он Раиси Девони Вазирон — роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Жапаров раҳбарӣ кард.

    Дар ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Хоҷамират Гелдимирадов, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев, Раиси Коллегияи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Михаил Мясникович иштирок карданд.

    Иштироккунандагони Шӯрои сарони ҳукуматҳо мубодилаи афкор намуда, ҳамаи масъалаҳои ба рӯзнома дохилшударо дида баромаданд ва 20 ҳуҷҷат қабул карданд.

    Ҳозирон Барномаи байнидавлатии ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, маълумотҳои фазоӣ, технологияҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, зондкунии фосилавии Замин, бақайдгирии кадастрӣ ва бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқулро барои давраи то соли 2026 тасдиқ карданд. Ҳуҷҷат ба барҳам додани мушкилоти асосии низомноки геодезия, картография, технологияҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, зондкунии Замин аз фосилаи дур, кадастр ва бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул нигаронда шудааст.

    Аъзои Шӯрои сарони ҳукуматҳо инчунин Консепсияи трансформатсияи рақамии соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии давлатҳои аъзои ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои дахлдор оид ба татбиқи он, Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз ифротгароӣ зарардида”, Маҷмӯи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маъдани кӯҳӣ, Низомнома дар бораи платформаҳои технологӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионӣ барои давраи то соли 2030-ро тасдиқ карданд.

    Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 2025 дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид. Ҳуҷҷат баргузории як қатор чорабиниҳоро бахшида ба рӯйдодҳои муҳим ва санаҳои фаромӯшнашавандаи ҷангӣ, чорабиниҳои илмию маърифатӣ дар назар дорад, ки ба ҳифзи ҳақиқат дар бораи ҷанг, фош кардани кӯшишҳои тақаллуби ҳодисаҳо ва натиҷаҳои ҷанг, муқовимат ба фашизм ва неонасизм, инчунин дар рӯҳи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан тарбия намудани насли наврас равона карда шудаанд.

    Нақшаи дигаре, ки Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ тасдиқ кардааст, дар соли 2024 баргузории Соли ҳаракати волонтёрон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст. Ҳуҷҷат аз 9 бахш иборат буда, беш аз сад чорабинии байналмилалиро, аз қабили форумҳо, нишастҳо ва конфронсҳо бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногунро дар бар мегирад.

    Дар маҷлис Низомномаи Чемпионати ИДМ (Чемпионат, Ҷом) қабул шуд. Баргузории чунин мусобиқаҳо имкониятҳои кишварҳои узви Иттиҳодро барои омода намудани захираҳои варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи олӣ тавассути баланд бардоштани фаъолияти рақобатии онҳо васеъ намуда, барои баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ва андӯхтани таҷриба дар иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мусоидат мекунад, инчунин ба рушди намудҳои гуногуни спорт дар мамлакатҳои иттиҳод таъсири мусбат мерасонад.

    Ғайр аз ин, Шӯрои сарони ҳукуматхои ИДМ блоки калони масъалаҳои молиявиро дида баромад. Онҳо ба маблағгузории рушди минбаъдаи системаи ягонаи мудофиаи зидди ҳавоии давлатҳои Иттиҳод, иҷрои буҷети ягонаи мақомоти ИДМ, маблағгузории чорабиниҳо дар соли оянда оид ба татбиқи Барномаи байнидавлатии беҳтар намудани сифати зиндагии собиқадорони ҷанг – иштирокчиёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, маблағгузории чорабиниҳо оид ба идомаи ҷустуҷӯи хизматчиёни ҳарбии дар ҷангҳои Афғонистон бедарак гумшуда, ҷустуҷӯи ҷойҳои дафн, эксгуматсия, муайян кардани ҷасади онҳо ва дар ватанашон аз нав дафн кардани онҳо дахл доранд.

    Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин бо тақдимот дар мавзӯи «Обрёрии самаранок ва сарфаи об дар Осиёи Марказӣ» шинос шуданд. Онро раиси Раёсати Бонки Авруосиёи Рушд Николай Подгузов муаррифӣ кард.

    Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуд, ки моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Ашқобод баргузор шавад.

    Хидмати матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates