Имсол ин фестивал бо ташаббуси Кумитаи сайёҳӣ, ҳокимиятҳои вилояти Бухоро ва шаҳри Бухоро, идораи вилоятии сайёҳӣ, ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ва як қатор ташкилотҳои дигар дар сатҳи боз ҳам баландтар ва дар фазои махсус баргузор гардид. Дар он зиёда аз 50 ҳунарманд аз қариб 10 кишвари хориҷӣ ва беш аз 350 усто аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд.
Фестивали «Абрешим ва зираворӣ» ба рушди ҳунарҳои суннатии миллӣ, таблиғи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкориҳо миёни ҳунармандон, рушди минбаъдаи ҳунармандӣ ва сайёҳӣ, инчунин табдил додани вилояти Бухоро ба яке аз марказҳои ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Ин фестивал дар Бухоро зиёда аз бист сол аст, ки баргузор мешавад. Дар ин муддат он миёни меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ маъруфияти хос пайдо кардааст. Аз ҷумла, беш аз 50 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ, ки дар фестивали XXI иштирок намуда, онро ҳамчун як имкони нодир барои эҳсоси мероси ғании фарҳангӣ ва меҳмоннавозии самимии Бухоро арзёбӣ карданд.
Қабл аз оғози чорабиниҳои идона барои намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба Бухоро ташриф оварда буданд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он ташкилкунандагон дар бораи барномаи ҷашнвора маълумот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб доданд.
Рӯзи аввал бо роҳпаймоии тантанавии иштирокчиён ва меҳмонон аз қалъаи «Арк» то маҷмааи «Лаби ҳавз» оғоз ёфт. Пас аз он дар маҷмааи «Лаби ҳавз» маросими ифтитоҳи фестивал баргузор шуд.
Барномаҳои ансамблҳои миллии мусиқӣ дар доираи фестивали XXI, инчунин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти абрешим ва зираворӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуданд. Ҳамчунин, дар Бухоро намоиши корҳои ҳунармандон, дарсҳои маҳорат, бозиҳои миллӣ ва чорабиниҳои фароғатӣ, намоишгоҳи рассомии тасвирӣ ва амалӣ баргузор шуданд.
Галаконсерт бо иштироки ҳунармандони ҷавон ва боистеъдоди гурӯҳҳои фолклорӣ аз тамоми вилоятҳо, инчунин намоиши махсуси мӯд таҳти унвони «Silk&Spices Fashion days» бо иштироки тарроҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ, фазои ҷашнвораро боз ҳам пурҷило кард.
Ғайр аз ин, дар доираи фестивал ошпазҳои моҳир аз минтақаҳои гуногуни вилояти Бухоро дар озмуни таомҳои миллӣ бо номи «Палов сайли» ширкат варзиданд, ки дар он тарзи пухтани паловро намоиш дода, навъҳои гуногуни таомҳоро, ки имкониятҳои гастрономии вилоятро намоиш медоданд, пешкаш карданд. Ҳар як иштирокчӣ хӯрокҳои болаззат ва хос ба минтақаи худро омода намуда, ба меҳмонон ва ҳайати ҳакамон пешниҳод кард.
Дар поёни фестивали XXI анъанавии байналмилалии «Абрешим ва зираворӣ» ҳамаи иштирокчиён ва намояндагони ВАО, ки чорабиниро равшан менамуданд, аз ҷониби ташкилкунандагон бо диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.











