Муайян гардид, ки сокини ноҳияи Ғиждувон, соли таваллудаш 1994, якҷо бо аъзои оилаи худ доруҳоро дар шароити хонагӣ ва ғайриқонунӣ истеҳсол мекард.
Ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки барои нигоҳдории доруҳо як суроға ва барои фурӯши онҳо ду дорухона истифода мешудааст. Ин ҷойҳо тибқи тартиби муқарраргардида тафтиш карда шуданд.
Дар натиҷа 47 821 адад доруи дорои 193 номгӯй, бо арзиши тахминии зиёда аз 500 миллион сӯм дарёфт ва мусодира карда шуд. Тибқи маълумоти тафтишот, як қисми доруҳо ба кишвар тариқи қочоқ ворид гардида, қисми дигар ба таври худсохт истеҳсол шудаанд.
Ҳамчунин 6989 қуттии холии дору, тамғакоғазҳо, се дастгоҳи бастабандӣ ва ду халта бо дастурҳои истифода мусодира гардид.
Доруҳои мусодирашуда барои гирифтани хулосаи расмӣ ба Маркази бехатарии маҳсулоти фармасевтӣ фиристода шудаанд.
Айни ҳол санҷиши пешакӣ идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати ошкор шудани чунин қонуншиканиҳо ба рақами кӯтоҳи 1520-и Хадамоти амнияти давлатӣ хабар диҳанд. Махфияти муроҷиаткунандагон кафолат дода мешавад.