Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, нозири ХРП ронандагонро бовар кунонида, ки гӯё онҳо нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол кардаанд, ба онҳо нишондодҳои дахлдори алкотестерро нишон медод.

Аз ҷумла, ҳангоми адои хизмат дар посгоҳи ХРП дар ноҳияи Ғаллаарал, ӯ автомашинаи тамғаи Lacetti-ро боздошта, бо истифода аз дастгоҳ ронандаро санҷиш намуд. Бо вуҷуди он ки ронанда изҳор дошт нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол накардааст, нозир ӯро ба утоқи хизматӣ бурда, барои тартиб надодани ҳуҷҷатҳои дахлдор 1 миллион сӯм талаб кард.

Азбаски ронанда натавонист бегуноҳии худро исбот намояд, ӯ маҷбур шуд 500 ҳазор сӯмро ба корти пластикии бонкии пешниҳоднамудаи корманд интиқол диҳад.

Ҳамчунин маълум гардид, ки нозир қаблан низ чунин қонуншиканиҳоро содир карда будааст. Ӯ ба ронандагон мегуфтааст, ки гӯё алкотестер метавонад истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро дар давоми 72 соати охир муайян намояд. Дар яке аз ҳолатҳо ронанда, бо хоҳиши он ки санҷиш гузаронида нашавад, маблағи талабшударо ба корти пластикии нозир интиқол додааст.

Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ муайян карда шуд, ки соҳиби корти бонкӣ марди 48-солаи сокини маҳаллаи «Бахт»-и ноҳияи Ғаллаарал мебошад, ки дар ҷаримапойгоҳи наздики посгоҳи ХРП фаъолият мекунад ва бо ин нозир робита дорад.

Аз рӯи ин ҳодиса санҷиши хизматӣ гузаронида шуда, барои додани арзёбии ҳуқуқӣ ба амали корманд маводҳои парванда ба мақомоти прокуратура ирсол гардиданд.