Ҳангоми санҷиши пешакӣ дар ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах муайян гардид, ки шахсони мансабдори идораи ноҳиявии ободонӣ корҳои асфалтпӯшкунии шаш роҳи дохилиро иҷро накардаанд. Бо вуҷуди ин, онҳо 634 тонна асфалт, ки бо маблағҳои буҷетӣ ба арзиши 348,7 миллион сӯм харидорӣ шуда буд, ба таври нақдӣ фурӯхта, маблағи бадастомадаро барои манфиатҳои шахсии худ истифода бурдаанд.

Ҳолати дигари қонуншиканӣ дар ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд ошкор гардид. Тибқи маълумоти тафтишот, шахсони мансабдори идораи ноҳиявии ободонӣ бо маслиҳати пешакӣ ҳисобнома-фактураҳои қалбакӣ тартиб додаанд, ки гӯё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «G.W.» ба онҳо 540 тонна асфалт таҳвил дода бошад. Дар асл чунин мавод умуман дастрас нашудааст.

Дар натиҷаи ин амали ғайриқонунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 324 миллион сӯм азонихуд карда шудааст.

Аз рӯи ҳар ду ҳолат тибқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (азонихудкунӣ ё исрофи молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.