Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти истеъмолкунандагон дар ноҳияҳои Ширин, Янгиер, Хаваси вилояти Сирдарё, ноҳияҳои Зомин, Зарбдор ва Зафарободи вилояти Ҷиззах аз ҷониби ҶС «Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон» зеристгоҳи нави №1-и "Зафаробод" бо шиддати 220 кВ сохта мешавад.
Ҳамчунин ба ин зеристгоҳ хати интиқоли барқи 220 кВ дарозиаш 144 километр сохта мешавад. То имруз 42 фоизи корҳои сохтмон ба ҷо оварда шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика, лоиҳаи мазкур дар асоси қарори Президент аз 28 декабри соли 2022 татбиқ мегардад.