Дар Хиваи бостонӣ фестивали анъанавии «Қовун сайли» барпо мегардад

    Фарҳанг 29 Iyul 2024 265

    Бо мақсади ба таври васеъ тарғиб намудани харбузаи хоразмӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ аз 9-ум то 11-уми августи соли равон дар ҳудуди Осорхонаи давлатии «Ичан қалъа»-и шаҳри Хива фестивали «Қовун сайли» баргузор мегардад.

    Дар чаҳорчӯбаи фестивал намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарнамоии дастаҳои фолклорӣ, барномаҳои консертӣ, намоиши асарҳои санъати тасвирӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарнамоии ресмонбардорон, театрҳои лухтак, дарсҳои маҳорат оид ба тайёр кардани таомҳои миллӣ ва нони Хоразм, намоишгоҳи либосҳои миллӣ, баромади артистон ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

    Ғайр аз ин, намоишгоҳи меваю сабзавоти гуногун, харбуза, маҳсулоти қаннодӣ ва занбурпарварӣ, чорводорӣ ва моҳидорӣ ташкил карда мешавад.